Фарҳанги ҷаҳонгирӣ (ҳамчун сарчашмаи лексикографияи тоҷику форс)
Дар байни асарҳои сершумори лексикографияи тоҷику
форс «Фарҳанги Ҷаҳонгири»-н Ҳусайни Инҷу (асри XVII)
чои алоҳидаро ишғол менамояд. Дар ин фарҳанг, чи тавре ки
худи муаллиф қайд менамояд, лексикаи аслан точикӣ ҷамъ
оварда шуда, маълумотҳои қариб ҳамаи фарҳангҳое, ки пеш
аз ин луғат тартиб ёфтаанд, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Луғат аз рӯи ҳарфи дуюми калимаҳои шарҳьёбанда
тартиб дода шудааст, ки ин тартиб фарҳангро аз ҷиҳати
сохт низ аз луғатҳои дигар фарқ мекунонад. Фарҳанг ба
материали бой ва гуногуни лексикӣ соҳиб буда, барои омӯхтани инкишофи лексикография, масъалаҳои грамматика ва
таърихи забони тоҷикӣ низ ахмияти калон дорад. Як қатор
принципҳои асосии лексикографии фарҳанг, масалан, тартиби
чо додани калимаҳо, шарҳу тафсири муфассали сохту маънои воҳидхои луғат, интихоби мисолҳои фаровон аз назму наср, муносибат ба сарчашмахо ва ғайра аз нуқтаи назари лугатшиносиву луғатсозй қобили таваҷҷӯҳанд. Дар ин кор
махсусан хамин ҷихатхои фарханг, ки барои илми лексикографияи хозираи тоҷик низ аҳмият доранд, аз назар гузаронида шудаанд.